BRIDGES TO TAJIKISTAN

connection, education, opportunity

The importance of ECD
Early childhood is a crucial stage of life in terms of a child's physical, intellectual, emotional and social development Growth of mental and physical abilities progress at an astounding rate and a very high proportion of learning takes place from birth to age six.


Аҳмияти инкишофи барвақтии   кўдак
Инкишофи Барвақтии Кӯдак марҳилаи муҳими ҳаёт дар инкишофи ҷисмонӣ, зеҳнӣ, эмотсионалӣ ва иҷтимоии кўдак мебошад. Афзоиши қобилияти равонӣ, ҷисмонӣ ва пешрафти баланди таълими кўдак аз рўзи таваллуд то синни шашсолагӣ ба амал меояд. Ин замонест, ки кӯдакон махсусан ба нигоҳубини сифатнок ва  имкониятҳои хуби таълим  ниёз доранд. Таълим аз лаҳзае  оғоз меёбад, ки кўдак аз беморхона ба хона меояд.
Дар назар бояд дошт, ки навзодон ва кӯдакони синни томактабӣ ба таҷрибаи мусбии таълим дар синни барвақтӣ ниёз доранд ва ин барои инкишофи зеҳнӣ, иҷтимоӣ ва эҳсосии онҳо кўмак намуда асоси муваффақияти онҳо дар давраи мактабхонӣ мегардад.
Се соли аввал
Дар давоми се соли аввал падару модар бояд таъсири асосиро худро ба фароҳам овардани имкониятҳо барои  омӯзиш ва таълими кўдак равона намоянд. Волидон баъзан вақт фаромӯш мекунанд, ки онҳо  бояд дар таълиму тарбияи кўдак новобаста ба синну сол таъсири калони худро расонанд.
Агар волидон барои таълиму тарбияи ва  ё нигоҳубини кўдакон, ясли боғча ва ё навъи дигари марказҳои нигоҳубини кўдаконро интихоб намоянд бояд аз сифати кори  ҳамин марказҳо огоҳ бошанд, зеро маҳз дар ҳамин ҷо кӯдакон ба имкониятҳои аввали омӯзиш дучор мешаванд.
Бояд дар хотир дошта бошед, ки агар кўдак дар муҳити зисти манфӣ тарбия ёбад ин боиси таъсири манфӣ ба инкишофи кӯдак мегардад. Дар ҳамин ҳол муҳим аст, ки ба муҳити зисте ки кўдак дар давоми ин солҳои аввал дар он ҷойгир аст, то ҳадди имкон мусбат ва шароити хуб дошта бошад.
Муносибатҳои   ғамхоронаи мураббиён нишондоди аввалине аст ки ба он бояд дар вaқти интихоби ясли боғча ва ё марказҳои нигоҳубини кўдак диққат дода шавад. Зеро мураббӣ  ин аввалин шахсе аст  ки кўдак ба он кас барои дарёфти боварӣ, муҳофизат, нигоҳубин ва омӯзиш нигоҳ мекунад.